РУСҲО БА ТОҶИКОН БАЛЕТ ОМӮЗОНДАНД
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 8 октябр иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҳунармандони театри «Балети Кремлевский» дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова дарси маҳорати балет гузарониданд. Ҳунармандони балети рус бо роҳбарии ҳунарманди халқии Федератсияи Русия Андрей Петров нозукиҳои ин касби олиро ба донишҷӯёни шӯъбаи балети Коллеҷи ҷумҳурии хореографӣ нишон дода, маслиҳатҳои муфид доданд. Бояд ёдрас шуд, ки дар барномаи ҳунарии театри мазкур спекталклҳои ба саҳнагузоштаи устодони опера — М. Петипа, А. Горского, Л. Иванова, ҳамчунин балети хореографии муосир Ю. Григорович, В. Васильева, А. Петрова дохил мешаванд. Хотиррасон мекунем, ки спектаклҳои «Балети Кремлёвский» аз тарафи мунаққидони худӣ ва хориҷӣ баҳои баланд гирифтаанд. Ҳунармандони театр бо намоишҳои худ бомуваффақият ҳам дар дохили Русия ва ҳам дар хориҷи кишвар сафарҳои ҳунарӣ менамоянд. Дар 20 соли мавҷудияти худ театр 64 сафарҳои ҳунарӣ намуда, дар 28 мамлакатҳои дунё намоишномаҳои ҷолиби худро гузоштаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






