РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Вазорати маориф дар нӯҳ моҳи соли 2010 фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи кории Вазорати маориф вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гаштани соли 2010 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдро ба анҷом расонид, гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов. Вазорати маориф дар нӯҳ моҳи соли равон 19 номгӯй китобҳои дарсиро бо теъдоди 1022980 нусха ба маблағи 5069335, 20 сомонӣ нашр намуд. Дар хамин давра ба шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисахои таълимии алоҳида 1450753 нусха китобҳои дарсӣ ба маблағи 8270941, 52 сомонӣ дастрас гардид. Ҳамчунин, аввалин маротиба барои муассисаҳои таълимӣ харитаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Харитаҳои сиёсии ҷаҳон», «Харитаи табиии ҷаҳон» бо забони тоҷикӣ бо теъдоди 10200 нусха ба маблағи 805448 сомонӣ нашр гардид, қайд намуд ӯ. Дар соли равон аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои идома ва бунёди муассисаҳои таълимӣ ба Вазорати маориф ба андозаи 20 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Дар номгӯи иншооти сохташавандаи соли ҷорӣ бошад сохтмони 40 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар ҳамаи иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад. Аз рӯи нақшаи пешакӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва марҳилаи дуюми гранти Фонди каталитикӣ ба истифода додани 24 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин дар нӯҳ моҳи сипаригашта сохтмони 13 мактаб барои 2624 ҷойи нишаст ва сохтмони 5 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор дода шуд, афзуд вазири маориф. Дар ин муддат аз ҳисоби 5 Лоиҳаи инвеститсионии соҳаи маориф 12,1 млн.доллари амрикоӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидани таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо, табъу нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шуда буд. Иҷрои нақшаи мазкур ба андозаи 76 фоиз таъмин гардид, ки ба 9,2 млн. доллари амрикоӣ баробар мебошад, қайд гардид дар охири нишаст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






