СЕМИНАР ДАР ЧАШМАСОР
Файзобод, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Тавре раиси ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод Раҷабалӣ Ҷалилов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чанд рӯз қабл дар ҷамоати мазкур семинар дар мавзӯи «Асосҳои идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ» аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирии системаи КАДАСТР-и замини ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, деҳқонони саҳмдор, чорводорон ва он нафароне, ки бо замин сарукор доранд, иштирок намуданд. Мавсуф афзуд, ки иштирокдорони семинар аз устодони Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон оид ба соҳаи кишоварзӣ, дар мавриди парвариши растаниҳо ва чорводорӣ тавсияҳои судманд гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки семинар таҳти роҳбарии сарвари барномаи мазкур Бобоев А. доир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






