СЕМИНАР ДАР ЧАШМАСОР

Октябрь 8, 2010 12:12

  Файзобод, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Тавре раиси ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод Раҷабалӣ  Ҷалилов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чанд рӯз қабл дар ҷамоати мазкур семинар дар мавзӯи «Асосҳои идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва  фермерӣ»  аз ҷониби  Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирии системаи КАДАСТР-и замини ҷумҳурӣ  баргузор гардид.  Дар семинари  мазкур сардорони хоҷагиҳои  деҳқонӣ, деҳқонони саҳмдор, чорводорон ва он  нафароне, ки бо замин сарукор доранд, иштирок намуданд. Мавсуф афзуд, ки иштирокдорони семинар аз   устодони Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон оид ба соҳаи кишоварзӣ, дар мавриди  парвариши растаниҳо ва чорводорӣ  тавсияҳои судманд  гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки семинар таҳти роҳбарии сарвари барномаи мазкур Бобоев А. доир гардид.      

Октябрь 8, 2010 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид