СЕМИНАРИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ ба барномаи дастгирии сиёсати секторалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо – компонент оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, бо мақсади кӯмаку дастгирӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар таҳияи Стратегияи пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои солҳои 2011-2015, методикаи баҳогузории талабот ва банақшагирии хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар маҳалро таҳия кард. Ҳадаф аз таҳияи усули муносибат оид ба муайян намудани талабот ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз баландбардории маҳсулнокии банақшагирии хизматрасониҳо ва муайянсозии тарзу усулҳои баҳогузории талаботи мизоҷон ба хизматрасониҳо иборат мебошад. Дар робита ба ин масъала семинар оид ба истифодабарии тарзҳои баҳогузории талабот ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сатҳи ноҳиявӣ ва банақшагирии онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тобеи он гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






