ШАРОИТИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН БЕҲТАР МЕГАРДАД

Октябрь 1, 2010 15:28

Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 1 октябр дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»-ро баррасӣ ва қабул кард.     Қонуни мазкурро вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов шарҳ дода гуфт, ки алҳол дар кишвар наздик ба 152 ҳазор маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 20 ҳазор нафарашро кӯдакон ташкил медиҳад. Мавсуф афзуд, ки соли равон аз буҷаи мамлакат барои таъмини нафақаи маъюбон ва дигар кӯмакпулию имтиёзҳои онҳо 84 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин рақам дар соли  2011-ум ба 97 миллион сомонӣ расонида мешавад.     Мавриди зикр аст, ки қонуни мазкур бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва талаботи муоҳидаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи ҳуқуқи маъюбон таҳия ва қабул шудааст. Самти асосии қонун ба беҳтар сохтани  вазъи иҷтимоии маъюбон дар кишвар  ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ  равона гардидааст.

Октябрь 1, 2010 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд