ТАҒЙИРИ ЛИМИТИ МОШИНҲОИ ХИЗМАТӢ

Октябрь 20, 2010 16:41

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр)  — Масъалаи ҷамъбасти иҷрои буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 9-моҳи соли 2010 ва вазифаҳои навбатӣ барои семоҳаи чоруми 2010 дар нишасти матбуотии Вазорати молияи ҶТ муҳокима гардид. Зимни нишаст, ҳамчунин, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо  ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати ҶТ, «Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии вазорату идораҳои ҶТ, идораҳои зертобеи он, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (ғайр аз мошинҳои махсус), лоиҳаи Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи ташкили муассисаҳои воҳиди давлатии «Маркази дастгирии амалиёти молиявии буҷавӣ» ва ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи давлатии «Тиллои тоҷик» тӯли 9 моҳи соли 2010 мавриди баррасӣ қарор гирифт».    Оид ба масъалаҳои рӯзнома,  бо назардошти камбудиву пешниҳод қарорҳои мувофиқ қабул гардид. Вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмидинов ба кормандони масъули соҳаи Вазорати молияи ҶТ супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла таъмини саривақтии буҷаи давлатиро дар семоҳаи чоруми соли 2010 талаб намуд.    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар доданд.  

Октябрь 20, 2010 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст