ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»

Октябрь 18, 2010 16:24

         Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2011-2013 18 октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардид.         Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 », «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси иҷрои  ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима шуданд. Инчунин, аъзои Шӯро таъсиси гурӯҳи корӣ  оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ  ва ҳисоботи молиявӣ»-ро баррасӣ намуданд.         Зикр шуд, ки  ҳадафи асосии пешниҳоди лоиҳаи  қонунҳои мазкур рушди устувори соҳаҳои гуногуни кишварамон мебошад. Ин матлабро Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова ва Сафаралӣ Раҷабов зимни  баррасии масъалаҳо таъкид карданд.

Октябрь 18, 2010 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд