ТАБОБАТ БЕҲТАР МЕГАРДАД
Восеъ, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 122 нафар беморонро муолиҷа ва вазъи саломатии онҳоро барқарор намудааст. Садриддин Неъматов, сардухтури беморхонаи мазкур вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки беморхона дорои 212 кат буда, беморон бо тамоми шароити лозимӣ таъмин мебошанд. Ба гуфти ин манбаъ аксари беморон гирифтори бемории фишори баланд, ишемияи дил, садама ва дигар бемориҳо буда, айни ҳол дар беморхона муолиҷа гирифта истодаанд. Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии раиси ноҳия Султон Валиев имрўз дар беморхона таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили рентген, таҷҳизоти муоинаи меъда, ултрасадо, ва дигар таҷҳизоти лозимӣ, ки барои табобати беморон хеле заруранд, мавҷуд мебошанд. Инчунин, бояд зикр намуд, ки беморхона ба мавсими замистонгузаронӣ омода буда, то ин муддат дар ин ҷо 68 тонна ангишт, 140 куб ҳезум захира шудааст, ки барои мавсими зимистонгузаронӣ басанда мебошад. Қобили тазаккур аст, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити муолиҷаи беморон дар беморхона таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла блоки ҷарроҳӣ барои шӯъбаи эҳёгарӣ, чароғҳои ҷарроҳӣ, таҷҳизоти рентгенӣ ва таъмири капиталӣ зарур мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






