ТАЙЁРӢ БА ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров, Маркази гармидиҳии пойтахт вазифадор шудааст, ки зимистони соли 2011 21 иншооти иҷтимоӣ тавассути 12 дегҳои бухорӣ, ки иқтидорашон 19,2 Гкал/соат мебошад, аҳолии пойтахтро бо бӯғу оби гарм таъмин намоянд. Боиси тазаккур аст, ки то имрӯз маркази гармидиҳии пойтахт 50 фоиз бо сӯзишвории дизелӣ (мазут) таъмин шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати офтобист ва дар як сол рӯзҳои офтобии он беш аз 300 рӯзро ташкил медиҳанд ва гармии ҳаво дар ин давра аз 20- 17 дараҷа поён нахоҳад шуд. Ин маънои онро надорад, ки шабакаи гармидиҳӣ дар давоми сол барои чанд рӯзҳои сарди моҳи январу феврал омодагӣ бинад. Аз рӯи он ки аҳолӣ сари вақт маблағи истифодаи бӯғу оби гармро пардохт менамояд, ҳуқуқи саривақт дастрас кардани бӯғу оби гармро, ки тибқи қоидаҳои маъмул бояд аз 10 –уми октябр оғоз гардад, талаб кардан ҳам дорад, вагарна супориш додан барои тайёрӣ ба тирамоҳу зимистон чӣ маънӣ дорад? Супориш пеш аз ҳама маънии сарфаю сариштакорӣ оид ба барқро дорад, ки аҳолии шаҳр печҳои барқӣ, «термекс» ва дигар воситаҳои гармидиҳиро, ки метавонад миллионҳо кВт соат нерӯи барқро мавриди истифода қарор диҳанд, сарфа кунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






