ТОҶИКИСТОН БА ВАҚТИ «ЗИМИСТОНА» МЕГУЗАРАД?

Октябрь 18, 2010 11:27

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Мутобиқи моддаи 6 Аҳднома «Дар бораи ҳамкорӣ бобати таъмини ягонагии андозаи вақт ва басомад», ки онро давлатҳои аъзои ИДМ 9 октябри соли 1992 дар шаҳри Бишкек имзо карда буданд, як қатор кишварҳои аъзо 31 октябри соли 2010 соати 3 00-и вақти Маскав ба вақти «зимистона» мегузаранд ва ақрабаки соат 1 (як) соат ақиб бурда мешавад.    Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба вақти «зимистона» намегузарад, аз ин рӯ дар қаламрави ҷумҳурӣ ақрабаки соат ақиб бурда намешавад. Ҳамин тавр, аз соати 3. 00 31 октябри соли 2010 тафовути вақт бо Маскав ду соатро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ гирифтем.

Октябрь 18, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд