ТОҶИКИСТОН УЗВИ ГУРӮҲИ 77 ВА ХИТОЙ

Октябрь 1, 2010 11:45

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 28 сентябри 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Гурӯҳи 77 ва Хитой пайваст. Қарор дар ин бора дар Иҷлосияи солонаи Вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Хитой, ки дар Ню-Йорк дар чаҳорчӯби иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, қабул гардид. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов дар иҷлосияи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Хитой суханронӣ намуда, ба кишварҳои аъзои Гурӯҳ барои дастгирии номзадӣ ва қабули кишвари мо аз номи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуд. Гурӯҳи 77 ва Хитой калонтарин созмони байниҳукуматии кишварҳои тараққикунанда дар СММ мебошад. Гурӯҳи 77 ва Хитой ба кишварҳои Ҷануб воситаҳои изҳор ва ташвиқ намудани манфиатҳои дастҷамъонаи иқтисодии онҳоро фароҳам меорад, зарфияти муштараки музокиротии он кишварҳоро дар мавриди тамоми масъалаҳои асосии байналмилалии иқтисодӣ дар чаҳорчӯби системаи СММ тақвият мебахшад ва ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб ҷиҳати рушд мусоидат мекунад. Гурӯҳи 77 ва Хитой 15 июни 1964 аз ҷониби 77 кишвари тараққикунанда таъсис ёфта буд. Бо пайвастани Тоҷикистон ба Гурӯҳ миқдори давлатҳои аъзои он ба 131 кишвар расид. Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Яман раёсати Гурӯҳи 77 ва Хитойро дар СММ ба ӯҳда дорад. Дар ин бора аз департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба хабрнигори АМИТ "Ховар" хабар доданд.

Октябрь 1, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд