ВОХӮРИИ Э.РАҲМОН БО ВАЗИРИ НАФТ ВА ЗАХИРАҲОИ ТАБИИ ПОКИСТОН

Октябрь 4, 2010 09:13

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рўзи, 1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нафт ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Навид Қамарро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст,  ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Аз мўҳтавои ҳамкории солҳои ахир ва пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олии  ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Нақшаҳои муштараки минтақавӣ оид ба бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерўи барқи КАСА 1000 ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни ду кишвар маҳаки асосии ҳамкории бунёдии минбаъдаи Тоҷикистону Покистон маънидод гардид. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд.  

Октябрь 4, 2010 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд