ВОЯ БАР ЗИДДИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Нусратулло Салимов- вазири тандурустии ҶТ изҳор намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Вазорати тандурустӣ дар солҳои наздик ворид намудани шаклҳои мураккаб ва муосири табобат дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳадаф аз ин кам кардани шумораи беморони ба хориҷи кишвар барои табобат фиристодашаванда мебошанд, ки ин ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбати худро мерасонад. Нусратулло Салимов дар бораи татбиқи лоиҳаи «Рӯйхати кафолати давлатии хизматрасонии пулакии тиббӣ» дар 8 ноҳияи пилотии кишвар ҳарф зад. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур ба рӯйхати хизматрасониҳои пулакӣ хадамоти ёрирасон- рентген, озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ дохил мешаванд, ҳамчунин, хизматрасонӣ бо истифодаи таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон, аз ҷумла косметология низ пулакӣ шудаанд. Маблағҳои ҷамъшуда барои баланд бардоштани музди маош, хариди таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва ба буҷаи ҷумҳурӣ равона мешаванд. Ӯ, ҳамчунин, қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ вазъи хурӯҷи домана, табларза ва дигар бемориҳои сироятӣ таҳти назорат қарор доранд. Аз соли гузашта инҷониб дар Тоҷикистон воя бар зидди зукоми мавсимӣ истифода мешавад. Имсол низ шурӯъ аз 18 октябр эмкунӣ бар зидди зукоми мавсимии кормандони соҳаи тиб оғоз мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






