ЗИНДАГИИ БЕҲТАР ПЕШБИНӢ МЕШАВАД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» вазъи иқтисодӣ- иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро куллан дигар хоҳад кард,- иброз дошт раиси шаҳри Ваҳдат, вакили Маҷлиси миллӣ Анвари Вайсиддин ба мухбири АМИТ «Ховар». Тибқи ин санади қабулгардида, соли 2011 маҷмӯи маҳсулоти умумии Тоҷикистон дар ҳаҷми 30,2 млрд.сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар асоси як қатор қарорҳои қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани 30 ҳазору 102 оилаи эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ, Данғара, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ, Қубодиён, Шаҳритӯс, Ванҷ ва Айнӣ 3 ҳазору 802 гектар замин ҷудо карда шудааст. Бо дастури Сарвари давлат, тақсими ин заминҳо дар асоси риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






