ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Октябрь 21, 2010 14:22

Душанбе, 21 октябр ( АМИТ «Ховар», Назир Назиров).  Гурӯҳи адибони тоҷик  бо ташаббуси созмони байналмиллалии «Диалог», ки як шӯъбааш дар Душанбе ҷойгир аст,ба кишвари Туркия сафар намуданд.       Шоири халқии Тоҷикистон, муовини раиси Иттифоқи нависандагон Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Меҳринисо Улуғбекова, Назокат Олимова, аз Хуҷанд шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ, адабиётшиносон Отахон Сайфуллоев,Раҳмат Ниёзӣ, Эмомали Мирзоев ва Ҳикмат Раҳмат шомили ин гурўҳ буданд. Шиносоӣ бо Истамбул аз донишгоҳи байналмиллалии «Фотеҳ» оғоз ёфт. Донишҷӯён  намояндагони ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳо буданд. Ин донишгоҳ 700 нафар донишҷӯи хориҷи дорад, ки 17 нафарашон тоҷиконанд. Дар осорхонае, ки дар соҳили баҳри «Мармар» ҷойгир шудааст.  Туркияро дар «шакли хурд» нишон медиҳад. Дар Туркия масоҷид хеле ҳам зиёданд  ва ҳамаашон санъати бузурги меъморї доранд, ки диққати тамошобинро зуд ба худ ҷалб менамояд.  Шаҳри Кония, ки аҳолии он 1млн. 300 ҳазор аси аз баҳр каме дур аст, бинобар ин  обу ҳавояш хеле ҳам гарм аст. Дар ин шаҳр оромгоҳи Ҷалолиддини Балхи ҷойгир аст. Оромгоҳ хеле ҳам калон ва зебо сохта шудааст ва дар он на як  Устод, балки чандин нафари дигар низ дафн шудаанд.        Ҳикмат Раҳмат қайд намуд, ки аст дар ин кишвар нисбат ба шоири классики тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ эътибори зиёд медиҳанд, мақбарараи ӯро хеле ҳам хуб сохтаанд ва барои ободиаш диққат медиҳанд.     

Октябрь 21, 2010 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд