ЗУҲУРОВ ҶАВОНОНИ РАШТИРО БА ЗИНДАГИИ ОСОИШТА ДАЪВАТ КАРД
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Минтақаи Осиёи Марказӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиати иддае аз кишварҳои абарқудрат табдил шудааст», гуфт зимни баррасии вазъи минтақаи Рашт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат 1 октябри соли 2010. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ дар соли 2009 ва соли равон дар шарқи Тоҷикистон пайдо гардида, кӯшиш доранд, ки вазъиятро дар ин минтақа ноором созанд. Мавсуф зимни суханронии худ аз ҷавонони минтақаи Рашт даъват намуд, ки ба иғво ва таблиғи ҳар гуна гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ дода нашаванд. Ҳамзамон, ӯ ба ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд, гуфт, ки бояд силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба зиндагии осоишта баргарданд. Ба андешаи Шукурҷон Зуҳуров сокинони минтақаи Рашт, ки рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, дигарбора намегузоранд, ки он рӯзҳои нангин ба сари мардуми ин минтақа ояд. Сокинони ин минтақа аз сохти конститутсионии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷонибдорӣ намуда, намегузоранд, ки гурӯҳҳои иғвогар оромии минтақаро халалдор созанд. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат бо умедворӣ гуфт, ки -итминони комил дорам, вазъи минтақа ҳарчи зудтар беҳтар мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






