100 КОМПЮТЕР ДАР ХИЗМАТИ ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар ин лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷараён дорад. Барои инъикоси оҷилии кори ин форуми муҳим ба пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе зиёда аз 200 намояндаи Васоити ахбори оммаи байналмилалӣ омадаанд. Ба таври умум бошад кори ҷаласаи сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ-ро қариб 500 нафар хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос намуда истодаанд. Барои кори самараноки хабарнигорон ҷониби Тоҷикистон шароитҳои лозимиро муҳайё намудааст, аз ҷумла дар бинои Бонки Миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил шудааст. Ин марказ дар бинои нави Бонки Миллӣ, дар наздикии қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеъ аст ва барои намояндагони ВАО ниҳоят мувофиқ мебошад. Дар маркази матбуотии мазкур, ки дар толори васеъ ҷой гирифтааст, барои хабарнигорон ҷойҳои кории мувофиқ омода гашта, 100 компютери ба интернет пайваст дар хизмати онҳо қарор дорад. Алоқаи байналмилалӣ ва интернети баландсуръатро барои хабарнигорон ширкати ватанӣ-Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Вавилон-мобайл» пешниҳод намудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар маркази матбуотӣ монитор- ҳо ва телевизорҳои калон гузошта шудаанд ва тавассути канали асосии ҷумҳурӣ -«Шабакаи аввал» хабарнигорон имконият доранд бо рафти кори ҷаласа мустақиман ошно гарданд. Хулоса, барои хабарнигорон тамоми шароити кору истироҳат муҳайёст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






