ҚАРЗДОРӢ ОШКОР ГАРДИД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ф. Фозилов, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз бо дахолати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорати мазкур 33 млн. 700 ҳазор сомонӣ қарз аз музди меҳнат дар ҳамаи соҳаҳо ошкор ва пардохт шуд. Аз ин 10 млн. 316 ҳазор сомонӣ маблағҳои аз ҳисоби оморӣ пинҳондошта ва 23 млн. 384 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзҳоеанд, ки дар маълумоти оморӣ сабт шудаанд. Дар натиҷаи чораҳои андешидаи вазорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи қарздорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Маблағи қарз дар соҳаи сохтмони ҷумҳурӣ дар тӯли се сол аз 6,4 фоиз то 26, 9 фоиз ва дар саноат аз 11 фоиз то 18,5 фоиз боло рафтааст, ки боиси нигаронист. Аз вазъияти мавҷуда бармеояд, ки дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявӣ бештар корхонаву муассисаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ ба мушкилоти пардохти музди меҳнат мувоҷеҳ шудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






