БОЗ 30 МЛН.СОМОНӢ МАБЛАҒИ ИЛОВАГӢ БА БУҶА
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ахиран дар ҷаласаи навбатии худ вакилони мардумӣ барои даровардани тағйиру илова ба моддаи 240 -и Кодекси андоз овоз доданд. Ёдовар мешавем, ки масъалаи андозбандии аксизӣ ба хизматрасонии операторони телефонҳои мобилӣ як сол боз мавриди омӯзиши вакилони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарор дошт ва ахиран рӯзи чоршанбеи 24 — уми ноябри соли 2010 дар ҷаласаи навбатӣ вакилони Маҷлиси намояндагон бо як овоз онро қабул намуданд. Ба гуфти вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, ба туфайли андозбандии аксизӣ ба хизматрасонии операторони мобилӣ ҳамасола ба буҷаи ҷумҳурӣ беш аз 30 млн сомонӣ маблағи иловагӣ ворид мешавад. Ногуфта намонад, ки андозбандии аксизӣ ба муштариёни телефонҳои мобилӣ ҳеҷ таъсир надорад. Андозбандии аксизӣ аз ҳисоби даромадҳои ширкатҳои мобилӣ, ки дар як сол беш аз 1млрд. 800 млн. сомонӣ маблағ ба даст меоранд, чун андози иловагӣ аз даромад пардохт мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






