МУЛОҚОТИ М.НЕЪМАТОВ БО ШАЙХ АҲМАД АЛ ФАҲАД АЛ САБАҲ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии халқии Хитой дар ҳошияи Бозиҳои Осиёгии Гуанҷоу — 2010 мулоқоти Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шайх Аҳмад ал Фаҳад ал Сабаҳ Президенти Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид. Дар мулоқот Маликшо Неъматов ба Президенти Шӯрои олимпии Осиё аз номи роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд. Иброз гардид, ки ҷонибҳо омодаанд дар оянда барои рушди ҳаракати олимпӣ ҳамкориҳоро вусъат бахшанд. Президенти Шӯрои олимпии Осиё қабул гардидани Рустами Эмомалӣ ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба ҳайси аъзои кумитаи муносибатҳои байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё, ки ин дар оянда метавонад барои рушди варзиш дар Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон саҳми муносиб гузорад, ҳамчун эътироф ва эҳтироми Шӯрои олимпии Осиё аз сиёсати давлати Тоҷикистон маънидод намуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






