МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БО МУОВИНИ АВВАЛИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ПОКИСТОН
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 23 ноябри соли 2010 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Салмон Башир мулоқот доир намуд. Дар вохўрӣ масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва сеҷониба (Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон) дар марҳилаи кунунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба сафари расмии қарибулвуқўи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ва омодагӣ ба он яке аз мавзўъҳои асосии мулоқот буд. Ҷонибҳо роҷеъ ба ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе табодули назар намуда, сафари ҳайъати баландпояи Покистонро таҳти роҳбарии Сарвазир Сайид Юсуф Ризо Гелонӣ ба Тоҷикистон чун исботи возеҳи кўшишҳо барои боз ҳам таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои ду давлати дўст арзёбӣ намуданд. Зимни сўҳбат Салмон Башир иброз дошт, ки Покистон барои амалӣ шудани лоиҳаи КАСА-1000, ки барои ин кишвар аҳамияти хосаи ҳаётӣ дорад, кӯшишҳои муассирро ба харҷ хоҳад дод. Сафир қаноатмандии ҷониби Тоҷикистонро аз бозгашти муҳассилини ғайрирасмии шаҳрвандони кишвараш аз Покистон қайд намуда, иброз дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар ин росто, табодули сафарҳои донишҷӯён, аҳли илму адаб ва вакилони парлумони ҳарду кишвар хеле самаранок хоҳад буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






