МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ ҲХДТ

Ноябрь 11, 2010 16:08

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов  мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ байни дувоздаҳ тими донишгоҳҳои олии кишвар, ки дар пойтахт ҷойгиранд,  оғоз ёфт. Аз он ҷумла, тимҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Сино ва ғайра байни худ қувваозмоӣ менамоянд.  Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон гузаронида шуда, ғолиб 24 ноябр муайян ва соҳиби Ҷоми ҲХДТ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мегардад.    Ҳамчунин, тӯҳфаҳои хотиравӣ ба тимҳое, ки ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро ишғол мекунанд, тақдим мешаванд. Бозингарони беҳтарини мусобиқа аз қабили дарвозабон, муҳофизатгар, ниммуҳофизатгар ва ҳуҷумкунанда низ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ноябрь 11, 2010 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд