МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ ҲХДТ
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ байни дувоздаҳ тими донишгоҳҳои олии кишвар, ки дар пойтахт ҷойгиранд, оғоз ёфт. Аз он ҷумла, тимҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Сино ва ғайра байни худ қувваозмоӣ менамоянд. Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон гузаронида шуда, ғолиб 24 ноябр муайян ва соҳиби Ҷоми ҲХДТ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мегардад. Ҳамчунин, тӯҳфаҳои хотиравӣ ба тимҳое, ки ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро ишғол мекунанд, тақдим мешаванд. Бозингарони беҳтарини мусобиқа аз қабили дарвозабон, муҳофизатгар, ниммуҳофизатгар ва ҳуҷумкунанда низ қадрдонӣ хоҳанд шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






