РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХАТЛОН ДАР СУҒД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ботантана ҷашн гирифтани рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатии ҶТ, Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони Вилояти Хатлонро аз 9 то 11 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд баргузор намуд. Тавре дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши иттилоотию таҳлилии кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуров иттилоъ дод, дар доираи баргузории ин чорабинӣ ҷавонони вилояти Хатлон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва Маркази ҷавонони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара боздид намуданд. Инчунин, дар ин сафар ҷавонон бо таърихи ин шаҳри куҳанбунёди тоҷикон ва тараққиёту пешравии он дар даврони истиқлолият ошноӣ пайдо намуда, аз ёдгориҳои таърихии ҷамоати Чоркӯҳ, Мадрасаи Ҳазрати Шоҳ ва Лангари моҳиён дидан намуданд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик таҷлили Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони вилояти Суғд дар ноҳияи Рашт ва таҷлили Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон баргузор хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






