РУСИЯ БА Қ. РАСУЛЗОДА МЕДАЛИ ТИЛЛОӢ ДОД

Ноябрь 11, 2010 11:03

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷонишини аввали раиси комиссияи муносибатҳои байналмилалии Ҳизби «Единая Россия» («Русияи ягона») Николай Бухонин аз номи Раёсати Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Федератсияи  Русия ба Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои саҳми арзандааш дар мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои Тоҷикистону Федератсияи Русия, посдорӣ ва густариши фарҳанги волои халқҳои собиқи шӯравӣ дар вилоят диплом ва медали тиллоии Шӯрои мазкурро  тақдим намуд. Халқҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон бо ҳам дӯсту бародар буда, тибқи сиёсати оқилонаи роҳбарони ин ду давлат равобиту  ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф  густариш меёбанд. Раиси вилояти Суғд барои чунин таваҷҷӯҳ ва қадрдонӣ ба намояндагони Федератсияи Русия арзи сипос намуда, зикр дошт, ки  робитаҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаҳои он ва вилояти Суғд минбаъд ривоҷу равнақ хоҳанд ёфт.  

Ноябрь 11, 2010 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд