РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ УЗВИ НАВИ КМБШОО
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар шаҳри Гуанҷои Ҷумҳурии Халқии Хитой пеш аз оғози Бозиҳои 16-уми Осиё ҷаласаи Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё баргузор гардид. Дар кори он Рустами Эмомалӣ -ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, ба аъзои кумита ба ҳайси узви нав муаррифӣ гардид. Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти Шӯрои Олимпии Осиё барои боварӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри рушди варзиш дар Осиё равона хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Президенти Шӯрои Олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фалаҳ Ал-Сабаҳ Рустами Эмомалӣ ба ҳайси узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё таъин гардидааст. Дар кори ҷаласа ба ҳайси меҳмон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ намуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






