ТАҚСИМОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН АЗ БАЙН МЕРАВАД

Ноябрь 12, 2010 09:46

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Омӯзиши масъала оид ба қонуншиканиҳо дар тақсимоти замин нишон дод, ки айни замон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 25 ҳазор нафар сокини ноҳия ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд.    Тибқи ҳисобҳои пешакӣ (то давраи баҳисобгирии аҳолӣ дар соли 2010) дар ноҳия зиёда аз 350 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд, ки бештар аз 30 фоизи онҳо  аз 3 – 4 оилаи  дар як  ҳавлӣ  якҷоя умр ба сар мебурдагӣ иборатанд,- гуфт раиси ноҳия Мансур Қодиров ба мухбири АМИТ «Ховар».    Айни замон барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи зист оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ  аз ҳисоби заминҳои барои кишту чарогоҳ нобобу камҳосил маводи зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардидааст. Дар ҳолати аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди ҳукумати ноҳия омили асосии даст задан ба тақсимоти ғайриқонунии замин аз байн меравад.

Ноябрь 12, 2010 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад