ДИПЛОМИ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТӢ БА «ВАХДАТ»
Маскав, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Ассотсиатсияи донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ваҳдат» дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар Фестивали дӯстии VI ҳарсолаи байни макотиби олӣ таҳти унвони «Ифтихор аз анъанаҳои мардумӣ», ки ба пешвози Соли нави 2011 бахшида шуда буд, иштирок намуд. Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Президенти Ассотсиатсияи мазкур Фаридун Сайидзода хабар дод. 14 нафар духтарону писарони зебо аз миёни донишҷӯён дар саҳначаи яке аз афсонаҳои тоҷикӣ бо либоси миллӣ нақшҳои гуногунро иҷро намуданд. Саҳнача чун анъана бо ғалабаи некӣ хотима ёфт. Ин ғолибиятро донишҷӯён бо хурсандии зиёд ва рақси зебои миллӣ пешвоз гирифтанд. Дар фестивал донишҷӯён аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. «Тибқи анъана намоиши аввал ва охирини фестивал аз ҳама беҳтарин шуморида мешавад. Намоиши нишондодаи мо беҳтарин шуморида шуда, дар радифи аввал ҷой дода шуд. Мухлисон бачаҳои моро дастгирӣ намуданд ва ҳама дар тааҷҷуб афтоданд»,-иброз намуд сарвари ассотсиатсия. Ноиби ректор оид ба кор бо донишҷӯёни Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия Александр Гладуш ба ҳунарнамоии гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик баҳои баланд дода, таҳти қарсакҳои бардавоми ҳозирин дипломи фестивалро ба онҳо супорид. Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия 140 нафар бакалаврҳо, магистрон ва унвонҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






