ФОРУМИ АВРУОСИЁГИИ ВАО ДАР КИЕВ
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ«Ховар», Фирдавс Таваров). – Аз 8 то 10 декабри соли 2010 дар пойтахти Украина Форуми ҳарсолаи навбатии ВАО-и Аврупо ва Осиё (ФЕАМ), ки Агентии иттилоотии РИА «Новости» ташкил намудааст, баргузор мегардад. Дар шаҳри Киев қариб 300 журналист ва роҳбарони ВАО-и давлатҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон ҷамъ омадаанд. Дар ин бора Агентии иттилоотии РИА «Новости» хабар додааст. Дар Форуми мазкур дурнамои рушди ВАО дар фазои собиқ Шӯравӣ, ҳамчунин рушди технологияи нави бисёрсоҳа ва гузаштан ба воситаҳои рақамӣ, падидаҳои мушобеҳи ВАО, рақобати анъанавӣ миёни ВАО ва эҷодкунандагони барномаҳои нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд. Тоҷикистонро дар Форуми мазкур директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсуддинов, директори Агентии иттилоотии «Авесто» Зафар Абдуллоев, ҷонишини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров, роҳбари Маркази медиа-хизматрасонии «Килк» Комилҷон Холов, директори радиои «Ватан» Вера Кулакова, сармуҳаррирони ВАО-и мустақил Сайёфи Мизроб, Гулнора Амиршоева, Хуршеди Атовулло, Ҷамшед Ӯлмасов муаррифӣ менамоянд. Дар чаҳорчӯби баргузории Форум намоиши суратҳо ташкил ва дар он маҳсули кори суратгирҳои давлатҳои ИДМ намоиш дода шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






