ИЛЛАТИ ҚАБУЛ НАГАШТАНИ ЛОИҲАИ ҚОНУН ЧИСТ?

Декабрь 22, 2010 16:24

Душанбе, 22 декабр. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи рамзҳои  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди муҳокимарониҳои тӯлонӣ аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат 22 декабр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон қабул нагардид ва барои такмил бозгардонида шуд. Тибқи пешниҳоди тағйиру иловаҳо, ба лоиҳаи қонуни зикршуда, ки  муаллифи он муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев аст,  тартиби истифодаи  парчами давлатӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян мегардад. Тавре доир ба ин масъала мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов гуфт,  ҳамингуна тағйирот, ки ба   боби дуюми лоиҳаи қонун ворид мегардад,  бояд ба  боби сеи лоиҳаи қонун  ҳам ворид шавад, зеро номувофиқӣ менамояд. Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба ин масъала ибрози назар карда афзуд, ки бояд лоиҳаи қонунҳо қабл аз пешниҳод ба ҷаласаҳои иҷлосия дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба муҳокима ва баррасӣ гардида суфтаю шаффоф пешниҳод шаванд. Мавсуф аз аъзои палатаи поёнии парлумон даъват ба амал овард, ки дар таҳия ва такмилу баррасии лоиҳаи  қонунҳо фаъол бошанд.

Декабрь 22, 2010 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд