ИЛМ ДАР АМАЛ
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов, натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ оид ба беҳтар намудани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии чорво дар 26 хоҷагии базавӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар корхонаи зотпарварии ба номи С. Сафарови ноҳияи Балҷувон 1260 сар чорвои аз ҷиҳати хусусиятҳои ирсию маҳсулнокӣ манфиатовар, дар соҳаи қутоспарварӣ аз хоҷагиҳои зотпарварии ба номи С. Аслиддинови ноҳияи Ҷиргатол, «Россия» -и ноҳияи Айнӣ ва хоҷагиҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 1338 сар чорвои ба гурӯҳи селексионӣ аз ҷиҳати ирсию маҳсулнокӣ ба талабот ҷавобгӯ барои амалӣ шудани корҳои илмӣ хоста гирифта шуданд. Олимон баъди гузаронидани корҳои тадқиқотӣ тавсияҳои илман асоснокро барои рушди соҳаи чорводорӣ ба хоҷагиҳои чорводор омода намудаанд. Доир ба чорвои ширдеҳ дастовардҳои селексионӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияҳои Б. Ғафуров ва «Гулистон» — и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ҷамъияти саҳҳомии «Баракат» ва ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии зотпарварии «Кӯлоб» -и ноҳияи Вахш ва корхонаи зотпарварии «Баракат» — и ноҳияи Ҳисор амалӣ гардиданд, ки аз беҳтарин дастовардҳои олимон дар даҳ соли охир маҳсуб меёбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






