САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон 3 млрд. 103 млн. сомонӣ маблағ истифода карда шудааст, ки ин нисбат ба 11 моҳи соли 2009 167 млн. сомонӣ зиёд аст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар соҳаи энергетика сармоягузорӣ афзалияти бештар дорад, зеро таносуби он 39 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои азхудкардашударо ташкил додааст. Соли ҷорӣ дар сохтмони иншооти энергетикӣ 1 млрд. 235 млн. сомонӣ сармояи асосӣ, аз он ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои дигар корхонаю ташкилот 621 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ 613 млн. сомонӣ аз худ карда шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






