ТАЪМИНИ СИЁСАТИ ЯГОНАИ СТАНДАРТОНӢ ДАР КИШВАР
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», ки аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул гардид, дар мавриди ба низом даровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ дар соҳаи стандартонӣ нақши муассир мегузорад», гуфт зимни баррасии ин қонун Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Давлаталӣ Ҳотамов дар парлумони кишвар. Мавсуф афзуд, ки қонуни мазкур ҳамзамон, принсипҳои асосии стандартонӣ, ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни корҳо оид ба стандартониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дароварда, таъмини сиёсати ягонаро дар ин соҳа ҷиҳати ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии савдо таъмин менамояд. Давлаталӣ Ҳотамов афзуд, ки қонуни мазкур идомаи силсилаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти танзими техникӣ нисбат ба соддагардонӣ, кам намудани монеаҳои техникӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти савдои беруна таҳия ва қабул шудаанд, ба шумор меравад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






