УСТОДИ ВАРЗИШ ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 14 декабри соли равон риштаи умри Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори варзиш, сардори раёсати варзиши Кумитаи миллии олимпӣ, ягона профессори соҳаи варзиши кишвар Бобоҷонов Анвар Қӯзиевич канда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ин фарзанди баруманди миллат фаъолияташро ҳанӯз аз замони Шӯравӣ оғоз намуда, то охири ҳаёт барои рушди соҳаи варзиши мамлакат ва тарбияи варзишгарони беҳтарин хизматҳои арзанда кардааст. Ҳаёту фаъолияти Бобоҷонов Анвар Қӯзиевич барои наврасону ҷавонони зиёд, пайравону ҳаводоронаш мактаби намунавӣ буду ҳаст. Мутаассифона, ин абармарди олами варзиши мамлакат бар асари беморӣ дар синни 63-солагӣ чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Марги беамон ҷисму ҷони ӯро аз байн бурд, вале ёдаш садсолаҳо дар хотираҳо боқӣ мемонад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






