ВОХУРИИ ГУЛ ШЕРАЛӢ БО МУНИР МИРАЛӢ

Декабрь 9, 2010 16:36

        Душанбе, 9  декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Ҷонмард). — Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар  доданд, имрӯз  дар  Вазорати  энергетика  ва  саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул  Шералӣ  бо  Намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба  рушд  дар Тоҷикистон Мунир  Миралӣ  баргузор  гардид.            Ҳангоми  мулоқот  Вазири  энергетика  ва  саноат Гул Шералӣ оид ба  ҳамкориҳои  дуҷониба ва  раванди он  изҳори қаноатмандӣ  намуда,  НБО «Помир- 1» — ро далели возеҳи  чунин  ҳамкориҳо арзёбӣ  намуд.  Ҳамчунин, дар  ин  робита  зарурати  насби агрегати  дуюми нерӯгоҳ  ва ҳар чӣ  зудтар  анҷом додани  корҳо  бо  мақсади таъмини  вилоят бо ҳаҷми  бештари қувваи  барқ  қайд  гардид.              Ҳамзамон  оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар  масъалаҳои  коркарди шир,  пӯсту  пашм  нерӯгоҳи  барқии  обии  хурд, бахусус дар  ВМКБ  тазаккур  дода шуд. Таъкид  гардид, ки  густариш  додани  ҳамкориҳо дар  бахши энергетика, бунёди нерӯгоҳҳои  бузургу  хурд барои таъмини  минтақа  ва  ҳамчунин  дар  самтҳои  мазкур  мувофиқи  мақсад  хоҳад  буд.           Ҷаноби  Мунир  Миралӣ бо  ишора ба  заминаҳои  мусоиди  фароҳамовардашудаи  ҳамкориҳо  омодагии  ҷониби  худро  ҷиҳати таҳкими  равобит ва иштирок дар  лоиҳаҳои  гуногуни  инвеститсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иброз  дошта,  чунин  ҳамкориҳоро  ба  манфиати  ҷонибҳо,  ҳамчунин  кишварҳои  ҳамҷавор маънидод  намуд.            Дар  доираи  ин  мулоқот  барои  минбаъд  низ  густариш  додани  ҳамкориҳои  дуҷониба  дар  самтҳои  мухталифи  энергетика  ва  соҳаҳои  саноат  ибрози  назар  карда  шуд.

Декабрь 9, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад