БОЗГАШТИ ҶАВОНОН АЗ МИСРУ ЭРОНУ ПОКИСТОН

Январь 6, 2011 16:04

  Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Қариб 1000 нафар донишҷӯёни тоҷик дар давоми соли 2010 аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон оварда шуданд», гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷумъахон Ғиёсов.   Мавсуф афзуд, ки донишҷӯёни тоҷик бо роҳҳои гуногун ба кишварҳои хориҷӣ рафта, ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои исломӣ ва мазҳабӣ таҳсили илм мекарданд. Донишҷӯёне, ки ба ватан бозгардонида шудаанд, дар донишгоҳҳои исломию мазҳабии Арабистони Саудӣ, Мисри Араб, Эрон, Покистон, Сурия таҳсил менамуданд.  Ба андешаи Ҷумъахон Ғиёсов, синну соли толибилмону донишҷӯёни аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, гуногун буда, аз 8 то 28-солро ташкил медиҳад.  Ба ватан баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, дар асоси дастуру супоришҳои Сардори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар бозгардонидани донишҷӯён ба Тоҷикистон мақомоти марбутаи кишвар ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ саҳм мегузоранд.   Мавриди зикр аст, ки тобистони соли 2010 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту сӯҳбат бо аҳолии бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар масъалаи ба ватан баргардонидани донишҷӯёни ба таври ғайрирасмӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадрис мекардаро ба миён гузошта, ба падару модарон муроҷиат намуда гуфт, ки нисбат ба сарнавишти фарзандони худ бетафовут набошанд. Зеро бархе аз ҷавонон зимни таҳсил дар донишгоҳҳои исломӣ ва дигар мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ ба ҳар гуна ҷараёнҳои мазҳабию ифротӣ ва тундгаро мегараванд, ки ин амали онҳо оқибатҳои нохуш ба бор меорад.

Январь 6, 2011 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид