ОҒОЗИ МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Январь 17, 2011 09:22

   Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2010 ва муайяну мушаххас кардани вазифаҳо барои соли равон кори худро оғоз намуд.   Дар маҷлиси васеъ аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бонкҳо, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.   Дар ҷараёни маҷлис роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли гузашта ва нақшаҳои минбаъдаашон ҳисобот медиҳанд.

Январь 17, 2011 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид