ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ҒОНЧӢ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар ноҳияи Ғончӣ бахшида ба ҷашни 20 солагии Истиқлолияти кишвар корҳои ободонию бунёдкорӣ босубот идома дорад. Тибқи нақшаи мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия 20 иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла, 6 иншооти соҳаи маориф, 2 муассисаи тандурустӣ, 2 иншооти варзишӣ, 2 иншооти фарҳангӣ, 3 бинои маъмурӣ, 2 корхонаи истеҳсолӣ, 3 маркази хизматрасонӣ ва савдо бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Истиқлолияти давлатӣ кор дар дар ҳамаи иншооти ҷашнӣ тибқи нақша ва бо вусъати том ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар назар аст, ки дар деҳаҳои дурдасти Мурияк ва Кучкина урдугоҳи истироҳатӣ ва толори варзишӣ ба истифода дода шавад. Қобили зикр аст, ки дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ноҳия ва марказҳои ҷамоати деҳот иншооти зиёди зебову замонавӣ қомат афрохтаанд. Иншооти сохташаванда дар чаҳорчӯби талаботи меъмориву лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ бунёд гардида, ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ таҳти назорати мутахассисон қарор дорад. Дар иншооти мазкур алҳол 250 нафар сохтмончиён машғули кор буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани онҳо 120 ҷойи кори нав муҳайё мегардад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






