БАҲОГУЗОРӢ БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ БИР ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Чанд рӯз қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мудири Бонки Исломии Рушд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо аъзои ҳайати баҳогузории БИР, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овардаанд, вохӯрӣ доир намуд. Мақсад аз ташрифи ҳайати бонк ин баҳогузории саривақтӣ ва дақиқи лоиҳаҳои татбиқгардида ва кӯмаки техникии пешниҳодшуда аз ҷониби Бонки Исломии Рушд мебошад, ки дар навбати худ ҷиҳати афзоиши минбаъдаи ҳаҷми кӯмаки техникӣ ва грантҳо мусоидат хоҳад намуд. Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи мазкури баҳогузории пурраи ҳамаи кӯмакҳои техникии пешниҳодгардида ва грантҳо соли ҷорӣ ба роҳ монда шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин давлатест, ки дар доираи ҳамкорӣ таҷрибаи мазкурро шурӯъ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






