НАХУСТИН ТЕХНОЛОГИЯИ НАСЛИ ЧАҲОРУМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 11, 2011 16:21

    Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — ҶСП «ТТ мобайл» бори аввал дар Тоҷикистон технологияи насли чаҳорум- LTE (Long Term Evolution)-po намоиш дод. Барои бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Миёна ин рӯйдоди аҷиб аст. Ҳамчун навовари соҳаи интернет ширкати «МЛT» технологияҳои пешрафтаи соҳаи алоқаро ҷорӣ менамояд.    Маҳдудияти суръати имконияти шабакаи LTE 10 маротиба аз шабакаи 3G бештар аст. Дар нишасти матбуотие, ки вобаста ба ин рӯйдод баргузор гардид, журналистон дар боби on-line тавонистанд суръат ва сифати видеоалоқаи технологияи LTE-po аз тест гузаронанд. Дар натиҷаи гузаронидани тест технологияи насли чаҳорум — суръати иртиботи додаҳо ба 100 Мбит/с расид.     «Ширкати мо рушд меёбад. Чанд сол пеш мо бори аввал дар миёни давлатҳои собиқ шӯравӣ алоқаи 3G-ро намоиш додем. Дар соли 2005 ин вoқea дар Тоҷикистон дигаргунии калон шуд, — мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МЛT» Алексей Семенов.- Имрӯз бошад мо бори аввал дар кишвар технологияи LTE-po аз тест мегузаронем. Мо интернети насли чаҳорумро аз тест гузаронида, ояндаро нишон додем». 

Февраль 11, 2011 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд