НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ НАВ ДАР «ТОҶИКИСТОН»

Февраль 2, 2011 11:53

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз, 2 феврали соли 2011 дар «Кохи Тоҷикистон» филми таҳия намудаи Муҳаббат Сатторӣ таҳти унвони «Афсонаи хоб», ки ба мавзӯи тарбияи фарзанд ва масъулияти волидайн бахшида шудааст, намоиш дода мешавад. Муҳаббат Сатторӣ дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ҳадафи таҳияи филмро шарҳ дода гуфт, ки сужаи филм чунин аст: Духтарчае то  шаб омадани падарашро аз кор интизор мешавад. Рӯзе тағояш ба хонаи онҳо меҳмонӣ меояд ва 50 сомонӣ ба дасташ медиҳаду мегӯяд: бароят ширинӣ ё бозича харида натавонистам. Ин пулро бигир ва худат чизи дилхоҳатро бихар. Духтарча ин пулро дар қабати либосҳои лӯхтакчааш пинҳон карда, бегоҳ вақте падараш аз кор бармегардад, аз вай мепурсад: дадаҷон, як рӯзи кории Шумо чанд пул аст? Падараш мегӯяд: 50 сомонӣ. Духтарча 50 сомонии тағояш додаро ба падараш дода мегӯяд, ки  инро гиреду пагоҳ ба кор наравед, мехоҳам як рӯзи кории Шуморо бихарам, то шумо як рӯз ба кор нараведу бо ман бозӣ кунед. Ёдовар мешавем, ки қаблан Муҳаббат Сатторӣ филмҳои «Пайванди шикаста» ва «Падруду пайғом»-ро таҳия намуда ба намоиш гузошта буд. «Афсонаи хоб» филми сеюми ӯ мебошад.

Февраль 2, 2011 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд