ТОРНИГОРИ НАВИ ҶҲАТ

Февраль 12, 2011 10:19

   Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ соҳиби торнигори нави худ дар шабакаи Интернет гардид, ки он бо суроғаи зайл http://tajikistanrc.wordpress.com/ дастрас аст.Торнигори мазкур ахиран сохта шуда, ба фаъолият оғоз кардааст ва баъзе аз бахшҳои он дертар фаъол хоҳанд шуд. Зафар Муҳаббатов, котиби генералии ҶҲАТ, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки торнигори мазкур дар огоҳ сохтани аҳолӣ ва донорҳо бо тозатарин хабарҳои ҶҲАТ нақши муҳим мебозад. Ба андешаи Зафар Муҳаббатов, хонандагони торнигорашон ғайр аз хабарҳо, инчунин имкон доранд, ки аз нигористонҳои аксӣ марбут ба фаъолияти ҷамъият ва дар ояндаи наздик аз видеоҳо низ истифода кунанд.   Ҳамзамон З. Муҳаббатов афзуд, ки хонандагон имкон доранд, ки тавассути торнигор ба хадамоти обунаи интернетӣ дастрасӣ дошта бошанд. Забони асосии торнигори нави ҶҲАТ тоҷикӣ буда, инчунин бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ дастрас хоҳад шуд.   Мавриди зикр аст, ки торнигорро вебблоггери маъруф ва аз нахустин вебблоггерҳои тоҷик Абдулфаттоҳ Шафиев сохтааст ва онро идора мекунад. Ин чорумин вебблоги Абдулфаттоҳ Шафиев буда, яке аз барномаҳои қаблии ӯ торнигори «Футболи Тоҷикистон» аст, ки миёни истифодабардагони интернет дар Тоҷикистон маҳбубияти хоса касб кардааст.

Февраль 12, 2011 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид