ҚАДРШИНОСӢ АЗ ШОҲМУЗАФФАР ЁДГОРӢ

Март 29, 2011 16:27

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз бо иштироки шоирону нависандагон ва олимону донишмандон шукӯҳу шаҳомати хоса дорад. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз  бо иштироки адибони шинохта Абдулҳамид Самадов, Ҳакназар Ғоиб, Мирзо Шукурзода, Садриддин Ҳасанзода, Нозир Ёдгорӣ ва олимон  Талбак Салимов, Сангаҳмад Тиллоев дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ Наврӯз ҷашн гирифта шуд. Боиси  зикр аст, ки деҳаи мазкур зодгоҳи 9 нафар узви Итифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва 13 нафар олимони намоён мебошад. Яке аз сернуфустарин  маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар аст ва онро баъзан «Шерози Тоҷикистон» низ ном мебаранд. Мардуми деҳа ба шеъру шоирӣ ва илму адаб арҷгузории афзун доранд. Ҳамин сабаб аст, ки бо дархости меҳнаткашон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз мактаби калонтарини деҳа, мактаби таҳсилоти умумии №50 ба номи шоири зиндаёд,  зодаи ҳамин деҳа Шоҳмузаффар  Ёдгорӣ гузошта шуд. Мавсуф солҳои зиёд сарвари рӯзномаи «Роҳи Ленини»- и вилояти Хатлон, нашрияи  расмии  Тоҷикистон «Ҷумҳурият»-ро бар ӯҳда дошт. Шохмузаффар Ёдгорӣ муаллифи маҷмӯаҳои зиёди назму наср буда, барандаи ҷоизаи устод Айнӣ мебошад. Дар маросими номгузории таълимгоҳ адибони номбурда  ва раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев аз ҳаёту фаъолияти адиб ёдоварӣ карданд. Нависандаи шинохта Садриддин Ҳасанзода зикр намуд, ки дастгирии мактабу маориф аз ҷониби зиёиёну равшанфикрон ва мардони саховатпеша аз ҷумлаи таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлат буда, сазовори дастгирист. Боиси ёдоварист, ки мавсуф аз ҳисоби китобҳои таълифкарда ва китобхонаи шахсияш ба китобхонаи мактаб 200 нусха адабиёти гуногун  такдим намуд. Ҳамчунин, ӯ якҷо бо шоир Эмомалӣ Мирзо ва  узви Итифоқи меъморони Тоҷикистон Сангаҳмад Тиллоев барои 120 нафар хонандагони синфҳои 1  чун кӯмак маводи таълимӣ ҳадя намуданд. «Умед аст, ки  ташаббуси аҳли эҷоди деҳа аз ҷониби дигар фарзандони боҳиммату саховатпеша мавриди дастгирӣ қарор  хоҳад гирифт», — бар ин назар аст раиси ҷамоти Пахтаободи ноҳияи Восеъ Насрулло Саидов.

Март 29, 2011 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад