ҲҲДТ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТРО ДАСТГИРӢ НАМУД

Март 10, 2011 09:45

  Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва кумитаи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Исфара тўйи суннатии 8 нафар писарбача аз оилаҳои камбизоати деҳаи Чоркўҳ доир гардид.   Чорабинии мазкур дар партави супоришу нишондодҳои Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд. Ҳадаф аз он дар амал татбиқ кардани нақшаҳои ҳизбӣ, беҳдошти рўзгори халқ, дастгирии мўҳтоҷону оилаҳои камбизоат ва ҳарчӣ бештар бо мардум наздик будану мусоидат дар ҳалли мушкилоти онҳо мебошад.   Бояд гуфт, ки хатнатўйи фарзандони оилаҳои  Ҳаёт Муродзода, Султон Деҳқонзода, Мурод Мухторзода, Шафқатулло Садриддинов, Субҳониддин Ортиқов, Исломиддин Очилов, Акбарҷон Сафоев ва Беҳрўз Шаҳобов дар ҳавои савту навои дилангез ва таронаҳои ҷозиби ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Исроилҷон Файзиддинов   ҷараён гирифт.           Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рафти тўйи суннатӣ раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Бибихон Азизова ва раиси шаҳри Исфара Субҳониддин Ашўров изҳор намуданд, ки минбаъд низ мекўшанд то дар самти осон кардани мушкилоти мардум ва дастгирии оилаҳои камбизоат нерў ва имкониятҳои худро дареғ надоранд.

Март 10, 2011 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад