ИШТИРОКИ ТОҶИКОН ДАР НАМОИШГОҲИ ITB-БЕРЛИН
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон намоишгоҳи байналмилалии ITB-Берлин ба кори худ оғоз кард. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони 10 ташкилоти сайёҳии кишвар ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» то 11-уми марти соли равон дар ин чорабинии бонуфузи байналхалқӣ ширкат менамоянд. Бояд гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаи ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 60 метри мураббаъ иҷора гирифта шуда, дар доираи он маводи тарғиботии ширкатҳои сайёҳии мамлакат, ки инъикосгари захираҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар мебошанд, дар байни дӯстдорону ҳаводорони сайру саёҳати ҷаҳон паҳн мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии шаҳри Берлин аз намоишгоҳҳои нисбатан машҳури ҷаҳонӣ маҳсуб гардида, ҳамасола таҳти сарпарастии Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Миллали Муттаҳид баргузор мегардад. Вобаста ба ин ва бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти ин ташкилот ҳамчун аъзои комилҳуқуқ, иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар намоишгоҳи мазкур барои таблиғи захираҳои сайёҳии кишвар хеле манфиатбахш хоҳад буд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






