КӮМАКИ НАВРӮЗӢ БА ПАРВАРИШГОҲ

Март 16, 2011 16:27

Суғд, 16 март. (АМИТ “Ховар”, Самад Юсуфӣ). — Мактаб- парваришгоҳи махсуси ёрирасони шаҳри Хуҷанд тӯли чанд соли охир бо таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарасти доимии он — Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бо шароиту имконияти таълимиву тарбиявӣ таъмин гардид.  Парваришгоҳи мазкур аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Наврӯз то ба Наврӯз ба маблағи беш аз 56 ҳазор сомонӣ бо лавозимоти хониш, таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардид. Чун анъана имсол низ кормандони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбиятгирандагон армуғони наврӯзӣ оварданд. 50 адад кати хоб ва 120 метри мураббаъ қолин ба маблағи беш аз 17 ҳазор сомонӣ армуғони наврӯзиро аҳли таълимгоҳ чун ғамхории навбатӣ қабул намуданд.     

Март 16, 2011 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид