ОЗМУНИ МАВОДИ БЕҲТАРИН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик дар толори маҷлисгоҳи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона бо иштироки устодону донишҷўёни факулта ва намояндагони ВАО гузаронида шуд. Дар маҳфил устоди донишгоҳ Исломҷон Бобоев аз таърихи нашри аввалин рўзнома ба забони тоҷикӣ бо номи «Бухорои Шариф» сухан гуфт. Декани факултаи филологияи тоҷик, доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор Матлуба Хоҷаева роҷеъ ба дастовардҳои тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст оварда сухан гуфта, матбуотро дар ҷаҳони муосир муҳим ва суханваронро оинаи ҷомеа номид. Дар маҳфили мазкур озмуни мавод ва буклети беҳтарин, аз қабили «Мактаби чирадаст»-и Отахон Латифӣ, «Назаре ба журналистикаи давлатҳои Русия, Олмон, ИМА», «Гулистони Айнӣ», «Парвози орзу», ки аз маҷмўи мақола ва қиссаҳои донишҷўёни соли дуввуми бахши рўзноманигорӣ иборат буд, ҷамъбаст шуд. Ҳайати доварон, ки ба он сармуҳаррири рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» Карими Шариф, сармуҳаррири рўзномаи «Нури маърифат»-и донишгоҳ Зебо Абдуллоева низ шомил буданд, ҷои аввалро ба донишҷўёни курси IV, ҷои дуюмро ба донишҷўёни курси II ва III ва ҷои сеюмро ба донишҷўёни курси I ва V сазовор донистанд. Ғолибон бо тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






