ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОИ ДУЮМ

Март 11, 2011 09:31

   Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бонки марказии Федератсияи Русия дар ҳисоботи солонаи худ ҳаҷми умумии интиқоли маблағро миёни Тоҷикистону ФР ба андозаи 2 млрд. 299 млн.доллари амрикоӣ  нишон додааст.    Тибқи маълумоти интишор намудаи Бонки марказии ФР, дар соли 2010 аз ФР ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млрд. 216 млн. доллари амрикоӣ ва аз Тоҷикистон ба ФР ба андозаи  83 млн. доллари амрикоӣ маблағ интиқол  шудааст.    Аз рӯи ҳаҷми умумии интиқоли маблағ Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 2 млрд. 845 млн.доллари амрикоӣ дар ҷои аввал, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 2 млрд. 216 млн. доллар дар ҷои дуюм ва Ҷумҳурии Украина бо 1 млрд. 809 млн. доллари амрикоӣ дар ҷои сеюм қарор доранд.

Март 11, 2011 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид