ЗАНҲОИ ФАЪОЛИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Шаҳраки Сомониён, 10 март.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Тавре мудири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Роҳила Алибекова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зиёда аз 4 ҳазор занон дар вазифаҳои масъули давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ифои вазифа менамоянд.Ӯ афзуд, ки аз ҷумла 34 нафар хизматчиёни давлатӣ, 3 мудири шӯъба, 4 раис, 6 муовини раис ва 5 котиби ҷамоат, 2 муовини сардухтури беморхонаи марказӣ, 12 сардухтури марказҳои саломатии деҳот, 225 раиси хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон мебошанд. Сарварии 12 иттиҳодияи ҷамъиятии дар ноҳия амалкунандаро низ занон ба ӯҳда доранд. Дар маъракаи интихоботии доиргашта 1 нафар зан ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар ба маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 110 нафар зан ба маҷлисҳои ҷамоати шаҳраку деҳот интихоб гардиданд. Шумораи умумии занҳо дар соҳаи маориф 1 ҳазору 984 нафар, тандурустӣ 1 ҳазору 52 нафар, кишоварзӣ 1 ҳазору 135 нафарро ташкил медиҳад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






